Душанбе, 3-юми декабри соли 2025
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 номнавис шудаанд, мерасонад, ки даъватномаҳои онҳо омода гардидааст.
Имтиҳонҳо барои довталабони дар давраи чоруми бақайдгирӣ номнависшуда рӯзи 7-уми декабри соли 2025 дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт баргузор мегардад. Хотиррасон мекунем, ки кадоме аз ин шаҳру ноҳияҳоро довталаб дар вақти бақайдгирӣ ҳамчун макони имтиҳонсупорӣ интихоб карда бошад, он дар варақаи бақайдгириаш нишон дода мешавад.
Нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродияш ҷойгир карда, инчунин дар бораи макон ва замони имтиҳонсупорӣ ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода шуд. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш низ қайд шудааст. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас аст.
Довталаб нусхаи чопии даъватномаи худро аз дафтари асосии Марказ дар шаҳри Душанбе ё бахши минтақавии он дар шаҳр ё ноҳияе, ки дар он аз қайд гузаштааст, дастрас карда метавонад.
Ҳамзамон, рӯзҳои 5-ум ва 6-уми декабри соли 2025 имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус дар муассисаҳои таълимии дахлдор баргузор карда мешаванд.
Барои гирифтани маълумоти иловагӣ довталабон метавонанд бо рақамҳои 224-53-68 ва 224-53-73 бо мутахассисони Марказ дар тамос шаванд.
Нишонии Марказ ва бахшҳои минтақавии он барои дастрас кардани даъватномаҳо
| Бахш | Нишонӣ ва нуқтаи роҳнамо | Телефонҳо |
|---|---|---|
| Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ) | 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-06 |
| Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – Мактаби президентӣ) | 915-20-72-29, 915-28-00-55 |
| Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: | шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – МТМУ № 2) | 926-44-11-48, 927-55-61-19 |
| Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: | шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – МТМУ № 3) | 871-25-09-09 |
| Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: | шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – МТМУ № 4) | 888-88-03-08 |
| Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон: | шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – МТМУ № 6) | 918-57-90-77 |
| Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун | ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф) | 939-32-55-65, 553-55-95-52 |
| Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон | ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф) | 988-18-86-78, 918-28-29-30 |


