Душанбе, 26-уми ноябри соли 2025
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки то анҷоми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои иштирок дар даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 ҳамагӣ 3 рӯз боқӣ мондааст.
Шахсони хоҳишманди таҳсил дар гурӯҳҳои ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд, зеро мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии довталаб сурат мегирад.


