Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ОЗМУНИ ТАҚСИМОТИ ТАКРОРИИ ДОВТАЛАБОН ДАР ДАВРАИ СЕЮМИ ИМД 2025

Нашр шуд: 07 Октябри 2025
Диданд: 1192

Душанбе, 7-уми октябри соли 2025

7-уми октябри соли 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории довталабонеро, ки дар давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 иштирок кардаанд, эълон кард.

Барои эълони натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон аз хизматрасонии ирсоли паёмакҳо ва кабинетҳои инфиродии довталабон истифода карда шуд. Вобаста ба ин, дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрории довталабон ба телефони мобилии ҳар довталаби дар давраи аз 1-ум то 4-уми октябр аз нав номнависшуда паёмак бо маълумоти мухтасар фиристода шуд. Инчунин, маълумоти муфассал дар ин бора, аз ҷумла бали умумии аз қисми дахлдор бадастовардаи довталаб дар доираи ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш ва бали гузариш дар доираи ҳар як комбинатсия (агар довталаб дар озмун аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардида бошад) дар кабинети инфиродии ҳар як довталаб ҷойгир карда шуд.

Ёдрас менамоем, ки бо мақсади шинос шудан бо натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ довталаби барои иштирок дар ин озмун аз нав номнависшуда бояд аз кабинети инфиродии наваш истифода кунад. Барои воридшавӣ ба кабинети инфиродӣ довталаб бояд аз рақами назоратии нав ва рамзи муваққатии кабинет, ки дар варақаи бақайдгирии охиринаш қайд шудааст, истифода намояд.

Дар кабинети инфиродии довталаб бали гузариш танҳо барои як ихтисоси интихобкардааш, ки тибқи натиҷаҳои озмун аз рӯйи он комёб шудааст ва (ё) он ихтисосҳои интихобкардааш, ки аз рӯйи онҳо комёб нашудааст, нишон дода мешавад. Вобаста ба ин, агар довталаб дар озмун аз рӯйи ихтисоси дар рӯйхат 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш”-и бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродиаш танҳо барои ҳамин ихтисос бали гузариш нишон дода мешавад ва маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари интихобкардааш, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ тибқи комбинатсияи ихтисоси ғайр аз 1-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияи ихтисоси мувофиқи он комёбгардида ва комбинатсия(ҳо)-и ихтисос(ҳо)-е, ки аз рӯйи он(ҳо) комёб нагардидааст, бали гузариш нишон дода мешавад. Масалан, агар довталаб аз рӯйи комбинатсияи ихтисоси 4-уми интихобкардааш комёб гардида бошад, дар сутуни “Бали гузариш” барои комбинатсияҳои ихтисосҳои аз 1-ум то 4-уми интихобкардааш бали гузариш нишон дода мешавад. Дар сурати комёб гардидани довталаб мувофиқи яке аз комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардааш маълумот дар бораи комбинатсияи ихтисосҳои бартариашон пасттари довталаб, аз ҷумла ихтисосҳо ва балҳои гузариши онҳо, нишон дода намешавад.

Агар довталаб дар тақсимоти такрорӣ аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш комёб нашуда бошад, дар сутуни “Бали гузариш” бали гузариши ҳамаи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш нишон дода мешавад.

Вобаста ба комёб шудан ё нашудани довталаб дар тақсимоти такрорӣ ба ӯ тавассути паёмак (SMS) маълумоти мухтасар дар шакли яке аз ҷумлаҳои зерин фиристода шуд:

1. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи интихоби n (ихтисоси ХХХХХХХ, шакли таҳсил, намуди таҳсил, номи муассисаи таълимӣ) ГУЗАШТЕД. Фавран то 09.10.2025 ба муассисаи таълимӣ барои ҳуҷҷатсупорӣ ҳозир шавед! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ.”

2. “№ назоратӣ: ХХХХХХХХХХХХХ. Даъватнома: ХХХХХХ. Натиҷаи озмуни тақсимот: Шумо аз рӯи ягон интихобатон НАГУЗАШТЕД ва метавонед дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ иштирок намоед. Маълумоти бештарро метавонед аз сомонаи расмии ММТ (www.ntc.tj) дастрас кунед.”

Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯи интихоби № n гузаштед!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб гардидааст. Дар ҷадвал комбинатсияи ихтисоси дахлдор, бали гузариши он ва бали бадастовардаи довталаб нишон дода мешавад.

Агар дар бахши “Натиҷаи тақсимот”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо аз рӯйи ягон комбинатсияи ихтисоси интихобкардаатон нагузаштед! Имкони дар тақсимоти такрории иловагӣ иштирок карданро доред.” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маъно дорад, ки довталаб дар озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ҳеҷ яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш комёб нагардидааст.

Довталабоне, ки тибқи натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон комёб гардидаанд, бояд на дертар аз 9-уми октябр ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда мешавад, ба комиссияи қабули он муроҷиат намоянд. Дар сурати бо сабаби узрнок дар муҳлати муқарраргардида имконнопазир будани ҳозиршавии довталаб ба муассисаи таълимӣ, довталабро зарур аст, ки қаблан, то 9-уми октябр, муассисаи таълимиро дар ин хусус тавассути намояндаи худ хабардор карда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

7‑уми октябр рӯйхатҳои довталабони тибқи натиҷаҳои озмуни дуюм – тақсимоти такрорӣ ба муассисаҳои таълимӣ мувофиқи комбинатсияи ихтисосҳои интихобкардаашон комёбшуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор пешниҳод мегарданд.

ТАВАҶҶУҲ! Тибқи тартиби муқарраргардида, дар сурати то 9-уми октябр ба муассисаи таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбии дахлдор ҳозир нашудани довталаб ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарданаш ӯ аз ҳуқуқи қабул шудан ба муассисаи таълимӣ маҳрум мегардад.

Тақсимоти довталабон бо дарназардошти балҳои бадастовардаю интихобҳои онҳо ва нақшаи қабули донишҷӯён ба таври худкор тавассути системаи иттилоотии “Довталаб”, яъне бе дахолати омили инсонӣ гузаронида мешавад. Бо “Тартиби тақсимоти такрорӣ ва такрории иловагии довталабон ба ҷойҳои холимонда тибқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз тақсимоти асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2025” метавон аз сомонаи Марказ (https://www.ntc.tj/tj/hamai-khabarho/mu-lat-va-tartibi-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-ta-simoti-takror.html) шинос шуд.

ТАВАҶҶУҲ! Аз нав номнавис шудан барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ ҳанӯз маънои донишҷӯй шудани довталабро надорад ва дар тақсимоти такрорӣ имкон дорад, ки довталаби нисбат ба дигарон бали камдошта, ки комбинатсияи ихтисос(ҳо)-и озмунаш баландро интихоб кардааст, комёб нагардад.

Довталабони ба озмуни тақсимот роҳёфтае, ки тибқи натиҷаҳои ҳеҷ яке аз озмунҳо – тақсимоти асосӣ ва такрорӣ аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон комёб нагардидаанд, ҳуқуқи иштирокро дар озмуни тақсимоти такрории иловагӣ доранд. Рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ, ки барои озмуни тақсимоти такрории иловагӣ пешниҳод мегардад, рӯзҳои наздик омода ва дар сомонаи Марказ гузошта мешавад. Вобаста ба ин, ба довталабони дар озмуни тақсимоти асосӣ ва такрорӣ комёбнагардида тавсия дода мешавад, ки барои шинос шудан бо рӯйхати мазкур, инчунин тартиби озмуни тақсимоти такрории иловагӣ мунтазам эълону хабарҳои сомонаи Марказро хонанд. Инчунин, ба довталабони мазкур барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иштирок дар тақсимоти такрории иловагӣ рӯзҳои наздик дар бораи кадом рӯз дар кадом нуқтаи бақайдгирӣ ҳозир шуданашон паёмак (SMS) фиристода мешавад.

Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт, ки нишонии онҳо дар зер оварда шудааст, нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои тақсимоти такрорӣ маълумот гиранд.

Довталабон дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод карда метавонанд.

Ҳуҷҷатҳои зарурие, ки довталабони дар озмуни тақсимоти такрорӣ муваффақгардида бояд ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии дахлдор пешниҳод намоянд, инҳоянд:

1) ариза ба номи ректор/директори муассисаи таълимӣ;

2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (диплом ё аттестат);

3) маълумотномаи тиббӣ (шакли 038-у);

4) 6 дона акси андозаи 3х4см;

5) маълумотнома аз ҷойи зист;

6) шиноснома (асл ва нусха) ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият бо сурат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ  додааст (шаҳодатнома дар бораи таваллуд барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ – синфи 9-ум);

7) билети ҳарбӣ (агар дошта бошад) ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда (барои мардон);

8) нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (агар собиқаи корӣ дошта бошад).

 

Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ

  1. Душанбе– Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ);

- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-06.

2. Хоруғ– бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);

- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

3. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов);

- телефон: 926-44-11-48, 927-55-61-19.

4. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов);

- телефон: 871-25-09-09.

5. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4);

- телефон: 888-88-03-08.

6. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров);

- телефон: 918-57-90-77.

7. Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:

- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);

- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.

8. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);

- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)Феҳристи ихтисосҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва ҷойҳои холӣ аз рӯйи онҳо (даври 4-ум)
  • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври  сеюм)Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (даври сеюм)
  • Феҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳоФеҳристи ихтисосҳо ва вазни субтестҳо
  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон