Душанбе, 24-уми ноябри соли 2025
Имрӯз дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони Марказ иштирок карданд. Маҷлиси тантанавӣ бо шунидани Суруди миллӣ оғоз карда шуд.
Дар оғоз директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кормандони Марказро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ваҳдат, истиқлол ва ифтихори миллии мост. Ин рамзест, ки ормонҳои миллию давлатӣ ва роҳи тайкардаамонро дар тули таърих таҷассум мекунад.

Ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ амри судманде дар роҳи худшиносии миллист. Ин рӯзи муборак собитгари ифтихору эҳтироми мо нисбат ба муқаддасоти миллат, аз ҷумла Парчами давлатист. Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номуси кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлоли миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини маҳбубамон ҳидоятгар шуда, дар чорабиниҳои расмии давлатӣ, сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад.

Мо ифтихор дорем, ки дар зери ин парчами муқаддас ҳаёт ва фаъолият дорем ва тамоми кӯшишҳои худро барои пешрафти Ватани азизамон равона месозем. Ҳар як корманди Маркази миллии тестӣ низ дарк мекунад, ки саҳми ӯ дар ояндаи кишвар нақши муҳим дорад ва талош мекунад, ки дар иҷрои вазифаҳои худ садоқатманду масъулиятшинос бошад.

Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳони Марказ Азимов Ҷамшед ва сармутахассиси фанни забони тоҷикии раёсати таҳияи маводди имтиҳон Сабуров Абдуҳаннон дар боби арҷгузорию эҳтироми муқаддасоти миллӣ ва муҳаббат ба Ватан суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми ҷаласа ғолибони мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд, ки ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони раёсату шуъба ва бахшҳои Марказ гузаронида шуда буд, бо ҷоизаву мукофоти пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.



Ҳамзамон чанде аз кормандони Марказ барои фаъолияти пурсамар ва содиқона бо сипосномаҳо қадрдони карда шуданд.





