Душанбе, 14-уми ноябри соли 2025
14-уми ноябри соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Дар он муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул, мудири шуъбаи умумии Кумита Шарипова Лайло ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ва суханони табрикотии муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит Шодӣ оғоз шуд.
Шодиниё А. Ш. қайд кард, ки нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии сохти конститутсионии давлат, таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, баромадан аз бунбасти иртиботӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, рушди сиёсӣ, иҷттимоӣ ва иқтисодии кишвар бузург аст.
Моро зарур аст, ки ба қадри неъмати бебаҳои давлати миллии тоҷикон расида, таҳти сиёсати хирадмандонаю башардӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободию рушду суботи ҷомеа, ваҳдату ягонагии миллати тоҷик муттаҳид шуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон саҳми худро гузорем, – қайд кард Шодиниё А. Ш.
Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул суханронӣ карда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта ва дар иҷрои босамари супоришҳои роҳбарияти олии кишвар ба аҳли Марказ барору муваффақият ва саломативу рӯзгори обод таманно намуд.
Дар идома кормандони Марказ Рустамов Ҷаъфар, Аминзода Шамсулло ва Давлатов Манучеҳр суханронӣ карда, таъкид сохтанд, ки бо ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14-уми майи соли 2016 ҳамасола 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Маҳз ин санаро ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардани мақомоти қонунгузории кишвар рамзӣ аст, зеро, он дар хотираи таърихи миллати тоҷик аз чанд ҷиҳат тақдирсоз, созанда, хотирмон ва фаромӯшнашаванда мебошад.
Дар охири ҷаласа 2 нафар аз ҷумлаи кормандони ҳайати асосии Марказ ба узвияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пазируфта шуда 6 нафари дигар бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадргузорӣ карда шуданд.













